Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кардааст, ки маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро пардохт намояд.
Тавре директори генералии нерӯгоҳ Раҳматулло Алжанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳ 21,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (беш аз $6 млн).
Номбурда қайд кард, ки то 31-уми декабри соли ҷорӣ арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба 1,15 сент баробар аст. «Аз 1-уми январи соли оянда арзиши он то 3,1 сент боло меравад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, муяссар нашуд, ки аз ширкати «Барқи тоҷик» оид ба шарҳи ин масъала маълумоте дастрас гардад.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1»
бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Дар таърихи
30-уми ноябр ҳисобкунакҳои нерӯгоҳ истеҳсоли нахустин миллиард кВт/соати нерӯи барқро сабт намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста