Кӯлоб. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Раёсати минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб аз пагоҳ барои соҳибкорони 6 ноҳияи минтақа баргузории як силсила семинарҳои омӯзиширо оғоз мекунад.
Тавре сардори раёсат Рустам Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар се моҳи гузашта пас аз қабули мораторияи дусола ба тафтиши сохторҳои соҳибкории хурду миёна на ҳамаи соҳибкорон моҳияти онро ба хубӣ дарк кардаанд. «Чанде хаёл карданд, ки акнун ба ҳама кор даст задан мумкин аст, вале воқеият бозгӯи он аст, ки дар ин самт амал кардан зарур аст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, соҳибкоронро лозим аст, акнун вазифаҳои назоратиро ба зиммаи худ гиранд, то аз сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонии онҳо шаҳрвандон шикоят надошта бошанд. «Аз ин рӯ, лозим аст, ки дар ин ду сол ҳисси масъулият ба зиммаи худи соҳибкорон вогузор гардад ва семинарҳои омӯзишӣ маҳз бо ҳамин мақсад гузаронида мешаванд», - афзуд Р.Неъматов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста