Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Бо супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд, ки ба таҳияи барномаи раҳоии соҳаи пахтакории кишвар то соли 2015 машғул гашта, онро моҳи майи соли оянда ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.
Тавре Муҳаммадӣ Ормонов, сардори шӯъбаи зироати техникӣ ва ғалладонаи вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин гувоҳи он аст, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, овозаҳои гӯё қатъ кардани кишти пунбадона дар Тоҷикистон ҳеҷ асосе надоранд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ 18 нафар мутахассис аз вазорат, Академияи улуми кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рустанипарварии Академияи улуми ҷумҳурӣ шомиланд. «То имрӯз ба иллати норасоии таъминот бо техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ҳамагӣ 345 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта «хеле кам» аст», - гуфт ӯ. Соли гузашта дар охири мавсим 420 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида буд.
Ба гуфтаи М.Ормонов, соли равон ба ҷойи 250 ҳазор тоннаи пешбинишуда, ҳамагӣ 74 ҳазор тонна нурии минералӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. «Барои соли 2009 ҳукумати ҷумҳурӣ 352 млн. 818 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст, ки 6 млн. сомонии он баҳри харидани тухмии хушсифат, аз ҷумла пунбадона истифода хоҳад шуд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста