Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Оҷонсии иттилоотии «IslamNews» хабар медиҳад, ки 90 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба нияти зиёрати Хонаи Худо ба Арабистонӣ Саъудӣ рафта буданд, аз фурудгоҳи шаҳри Ҷидда бозпас ба ватан фиристода шуданд.
Маълум шудааст, ки онҳо бо раводидҳои қалбакӣ ба сафари ҳаҷ баромадаанд. Тибқи гуфтаҳои худи зоирин, онҳо раводидҳоро аз як ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба таҳияи асноди ҳаҷравандагон машғул будааст, ба даст овардаанд.
Дар КВДҲ «Тоҷик Эйр» тасдиқ карданд, ки ҳақиқатан ҳам зоирини тоҷик ба ватан бозпас фиристода шудаанд.
Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ин қазияро чунин шарҳ доданд: «Шурӯъ аз соли 2005 дар Тоҷикистон ба таҳияи аснод, аз ҷумла додани раводид, корҳои тадорукоти маъракаи сафари ҳаҷ танҳо Сарраёсат оид ба корҳои дини вазорати фарҳанг машғул аст ва додани раводид барои сафари ҳаҷ аз ҷониби ширкатҳои дигар манъ карда шудааст. Ҳамаи зоирини тоҷик (5 ҳазору 120 нафар), ки ба таври расмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ҳаҷ сафарбар шуданд, бидуни мушкилот ба макони иҷрои маросими ҳаҷ фиристода шуда, феълан масоили будубоши онҳо пурра ҳал шудааст. Шояд ин зоирин дучори макру фиребӣ навбатӣ шуда бошанд».
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ширкати «Холид Музаффар» аз 700 нафар шаҳрванди Тоҷикистон 2500 доллари амрикоӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, аз ӯҳдаи иҷрои ташкили сафари ҳаҷ ба онҳо набаромад ва 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи 60 нафари онҳоро баргардонида натавонист. Моҳи сентябри соли ҷорӣ дастандаркорони ин аъмоли фиребу найранг ба муддати аз 12 то 13,5 сол ба зиндон маҳкум гардиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста