Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки талаби муҳоҷирони тоҷик оид ба пардохти музди меҳнат дар зарфи ду-се рӯзи наздик қонеъ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирони тоҷик муддати чандест, ки бо ин талаб дар шаҳри Екатеринбурги Русия даст ба корпартоӣ задаанд.
Ба гуфтаи ӯ, додситонии шаҳри Екатеринбург аз рӯи ин далел тафтишотро оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик барои напардохтани музди меҳнати семоҳа аз ҷониби ширкати сохтмонӣ даст ба корпартоӣ задаанд. Мақомоти давлатии назорати меҳнати Русия метавонад ширкати сохтмониро ҷаримабандӣ намояд ё ба муддати 90 рӯз фаъолияти онро қатъ созад.
Р.Ҳасанов таъкид сохт, ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар Русия қарор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста