Хуҷанд. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Суғд ду сарбозро барои дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ шартан аз озодӣ маҳрум намуд.
Тавре додрас Муслим Худойбердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мурофиаи додгоҳие, ки 3-уми декабр ба анҷом расидааст, зодаи ноҳияи Ашт Хуршед Абдураҳмонов ва сарбози дигар аз ноҳияи Конибодом дар ноҳияи Рашт хизмат карда, мӯҳлати рухсатии худро ғайриқонунӣ дароз мекунанд. «Масалан, Х.Абдураҳмонов ба ҷойи 10 рӯз 29 рӯз истироҳат кардааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои мнбаъ, додгоҳ онҳоро барои чунин амал шартан ба муддати як сол ва мӯҳлати озмоишӣ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум кардааст. «Мӯҳлате, ки онҳо ба замми рухсатӣ истироҳат кардаанд, ба мӯҳлати хизмат ҳисобида нахоҳад шуд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста