Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Берн миёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ва Маркази рушди истифодаи табиати Донишгоҳи ин шаҳр оид ба рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар бахши ҳиязи муҳити зист, идораи захоири табиӣ ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ Ёдддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз шӯъбаи ДОМ дар шаҳри Хоруғ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар шарикӣ бо маркази номбурдаи донишгоҳи Берн нақшаи ДОМ оид ба таъсиси маркази минтақавии таҳқиқотӣ дар шаҳрҳои Хоруғ (Тоҷикистон), Нарин (Қирғизистон) ва Текели (Қазоқистон) амалӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ёддошти мазкур ба тайёр кардани мутахассисону омӯзгорон ва таҳқиқгарони донишгоҳ ва ҳамчунин рушди ҳамкорӣ оид ба табодули таҷриба миёни профессорони ин донишгоҳҳо равона гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки 20-уми майи соли ҷорӣ ДОМ ва Маркази рушди истифодаи табиати Донишгоҳи шаҳри Берн перомуни оғози ҳамкориҳо дар бахши рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист миёни шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дода буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста