Душанбе. 5-уми декабр - Субҳи имр ӯ з пешвои калисои ортодокси (православ ӣ ) насронии Русия усқуф вафот кард.

Патриархати Русия эълон кард, ки Алексии II дар мақарри худ дар Переделкина, дар синни 79-солаг ӣ даргузашт.

Патриархи Русия, ки исми аслияш Алексей Михайлович Ридигер мебошад, соли 1929 дар шаҳри Таллин, пойтахти имр ӯ зи Эстония дар оилаи р ӯ ҳон ӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти р ӯ ҳонии худро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар солҳои 40-50-уми қарни бист гирифтааст. Замоне вакили Ш ӯ рои Олии Ш ӯ рав ӣ буд.

Алексии II аз соли 1990 бад ин с ӯ пешвои калисои православ ӣ буд. Ӯ 15-умин пешвои православии русҳо пас аз таъсиси Патриархат дар соли 1589 буд.

Дар ин миён чандин бор дар расонаҳо хабарҳо оид ба вазъи бади саломатии ӯ ва ҳатто маргаш интишор ёфта буданд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.