Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз дирӯз гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон бо кишвари мо ба таври маъмулӣ ба фаъолият пардохтанд ва убури шаҳрвандонро ба ҳарду тарф бидуни мамониат иҷозат медиҳанд.
Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, чун пештара сурат мегирад. «Шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба сар мебаранд, имкон доранд бидуни раводид муддати 5 рӯз аз Ӯзбекистон боздид намоянд», - гуфт манбаъ.
Дар мавриди шарҳи чанде қабл баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ дар сафорати Ӯзбекистон изҳор доштанд, ки он ба сабабҳои техникӣ марбут буд.
Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ хабари боз шудани гузаргоҳҳои марзиро бо Ӯзбекистон тасдиқ карданд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2001 убури марз тавассути раводид сурат мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста