Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина кушода мешавад. Дар ин хусус президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи Харков Леонид Таважнянский зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина тавофуқ ҳосил карданд.
Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки бисёр мутахассисони тоҷик дар ин мактаби олии шаҳри Харков таълим гирифтаанд. Тибқи иттилои сомонаи интеретии atn.kharkov.ua, президенти Тоҷикистон аз ректори донишгоҳ дархост кардааст, ки шумори квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ зиёд карда шавад.
Э.Раҳмон гуфтааст, ки айни замон дар ин донишгоҳ 30 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки ин хеле кам аст ва афзудани квотаҳои мутахассисоне, ки Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, заруру саривақтӣ шуморидааст. «Ҳадди ақалл на камтар аз 100 донишҷӯи тоҷик бояд дар ин даргоҳи илм таҳсил кунад», - иброз доштааст ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста