Душанбе. 8-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз, 8-уми декабр мардуми мусалмони ҷумҳурӣ аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил мекунанд.
Тавре аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соати 9-и субҳи имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид шурӯъ мегардад.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.
Дар паёми табрикии худ ба мунсибаи таҷлили Иди Қурбон президенти мамлакат аҳамияти бузурги ин идро барои мардуми мусалмон таъкид карда, изҳор дошт, ки имсол беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карда, дар ин рӯзҳо маросими ҳаҷро адо карда истодаанд.
«Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкории диёри худ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан ҷавонон нақши арзанда мегузоранд», - гуфт сарвари давлат.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста