Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо таъсиси созмони байнулмилалии минтақавӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рисолати худро анҷом додааст. «Равандҳои дигаргунӣ дар робита ба истиқлолият касб кардани кишварҳои узви ИДМ оромона сурат гирифтанд», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷиҳати ба шакли ягона овардани қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароитҳо барои ҳамкории мутақобилан судманд кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд, вале ҳамаи кишварҳо чун субъектҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ эълом доштанд, ки сиёсати бисёрсамтаро пеш мегиранд ва аз арзишҳое пуштибонӣ намуданд, ки аксаран мухолифи манфиатҳои якдигар буданд.
Ба назари Ш.Ҳакимов, дар самти низомиву сиёсӣ иттиҳод ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, вале дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ тақрибан чизе ба иҷро нарасидааст. «Ахиран мухолифатҳои сиёсиву низомии кишварҳои узви иттиҳод баръало зоҳир мешаванд», - гуфт коршинос.
Ш.Ҳакимов афзуд, ки феълан фаъолияти ИДМ чун созмони байнулмилалии минтақавӣ муассир нест, зеро имконоти он ба охир расидаанд. «Албатта, ҷиҳати бозсозиву таҷдиди фаъолияти иттиҳод кӯшишу иқдомот роҳандозӣ шуданд, вале он танҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонаду халос», - афзуд коршиноси масоили сиёсӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста