Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастьаҷамъӣ, ки имрӯз дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир мегардад, ширкат меварзад.
Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, котибони шӯрои амнияти созмон дар мулоқот масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи мушкилоти мавҷудаи мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи амалиёти «Канал», пешгирӣ аз раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташаккули нерӯву имконоти муштараки пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои узви созмон табодули назар хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СААД шомиланд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста