Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад афзудаанд, ки миёни кишварҳои узви ИДМ ин нишондиҳандаи баландтарин аст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот медиҳад.
Нишондиҳандаи мазкур дар кишварҳои дигари узви ИДМ тариқи зайл аст: Украина – 25,8, Қирғизистон – 25,7, Озарбойҷон – 21,6, Қазоқистон – 18,7, Белорус – 15, Русия – 14,2 ва Молдова – 13,8 дарсад. Мизони пасттарини афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар Гурҷистон (10,9дарсад) ва Арманистон – (9,6 дарсад) ба мушоҳида расидааст.
Қобили зикр аст, ки маълумоти Кумитаи омори ИДМ ба маълумоти мақомоти омори кишварҳо мутобиқат намекунад. Масалан, тибқи маълумоти мақомоти омори кишварҳо тайи 10 моҳи соли равон афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон - ҳамагӣ 13,1, Украина – 18, Қирғизистон – 16,6 ва Озарбойҷон – 15,7 дарсадро ташкил додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста