Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмедов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Қазоқистон ба густаришу тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо омода аст. «Аммо ба бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна афзалият дода мешавад ва мо феълан аз ҳукумати Тоҷикистон интизори пешниҳоди қобили қабул ҳастем», - гуфт ӯ.
Сафир ёдовар шуд, ки фонди муштараки кишварҳо ба маблағи $100 млн. маҳз бо мақсади сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва он аз 1-уми январи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Ба ҷуз татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, инчунин ба рушди бахши кишоварзӣ низ сармоягузорӣ хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Дар шарҳи мавзӯи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дипломати қазоқ зикр кард, ки кишвараш барои иштирок дар консорсиюми байнулмилалӣ омода аст, вале айни замон изҳор дошт, ки «мо хоҳони онем, ки бидуни назардошти манфиати касе ҳама чиз бояд шаффоф бошад».
Перомуни масъалаи муҳоҷирони тоҷик М.Аҳмедов чунин изҳори назар кард, ки Қазоқистон ба иштироки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сохтмони лоиҳаҳои бузурги кишвараш, аз ҷумла дар бунёди лӯлаҳои интиқоли газ ва роҳҳои мошингард манфиатдор аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста