Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод дорад, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷират табдил дода шавад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Кабирӣ изҳор дошт, ки дар Русия зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарурати мавҷудияти сохтореро, ки бевосита бо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор дошта бошад, ба хубӣ дарк кардааст. «Бо назардошти он ки масъалаи муҳоҷират дар Тоҷикистон аҳамияти вижаеро касб кардаасту дар дохили кишвар барои фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ иқдомоти муассире сурат намегирад, месазад, ки бо ин масъала сохтори алоҳидае машғул бошад», - гуфт ӯ.
Ба қавли раиси ҲНИТ, зарурати ташкили чунин сохторро доираҳои дигари сиёсии кишвар низ зарур мешуморанд. «Дар Русия беш аз миллион нафар шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва зарур аст, ки бо ин масъала сохторе машғул бошад, ки мақоми баландеро соҳиб бошад», - изҳор дошт ӯ.
М.Кабирӣ афзуд, ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур ӯ ният дорад, боз ба чанде аз кишварҳое, ки муҳоҷирони тоҷик он ҷо қарор доранд, сафар кунад. «Пагоҳ ман дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек оид ба масоили ислом дар Академияи САҲА маърӯза хоҳам кард ва он ҷо бо муҳоҷирини тоҷик низ мулоқот хоҳам орост», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон Агентии давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат амал мекунад, ки масоили муҳоҷирати дохилиро ҳаллу фасл мекунад. Хадамоти муҳоҷират дар ҳайати Вазорати умури дохилӣ ба масоили муҳоҷират ба хориҷи кишвар сарукор дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста