Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар яке аз чоҳҳои кони гази «Комсомол», ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, истихроҷи гази табиӣ аз нав шурӯъ гардид.
Тавре аз намояндагии ширкати Tethys Petroleum ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз чоҳи рақами 180-и ин кон муддати як ҳафта аст, ки гази табиӣ истихроҷ мешавад, вале алҳол он бо об омехта аст. «Мо мутамин будем, ки бо газ об низ истихроҷ хоҳад шуд, зеро ин барои конҳои гази Тоҷикистон ҳодисаи маъмулӣ аст, - гуфт манбаъ. – Бо истифода аз технологияи навтарин мо ният дорем, ҳаҷми обро дар он бамаротиб коҳиш диҳем».
Ба иттилои сарчашма, феълан аз ин кон то 10 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ мегардад ва метавон бо боварӣ ҳарф зад, ки зимистони соли равон
тоҷикистониён бо як миқдоре аз гази худӣ низ таъмин хоҳанд гашт. «Дар чоҳи рақами 183-и кон низ корҳои таҷдид босуръат идома доранд ва ояндаи наздик истихроҷи газ аз ин чоҳ низ ба роҳ монда хоҳад шуд», - изҳор доштанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи ширкат, дар конҳои «Хоҷа Сартез» ва «Бештентак»-и вилояти Хатлон низ корҳои таҷдиду бозсозии чоҳҳо босуръат идома доранд.
Зикр гардид, ки воридсозии таҷҳизот ба ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкат давом дорад. «То имрӯз ба Тоҷикистон 6 вагон таҷҳизот барои корҳои кашфу истихроҷи газу нафт ворид карда шудааст ва ҳамин миқдор таҷҳизот низ дар фурсати наздиктарин ба ҷумҳурӣ оварда мешавад, - афзуд намояндаи ширкат.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста