Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳаёти тоҷикистониён асар хоҳад гузошт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки алҳол бӯҳрони молиявӣ ҳам ба низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҳам кисаи шаҳрвандон таъсири мусбат расонида истодааст. «Тоҷикистон истеҳсолкунандаи маводи асосии (дар марҳилаи кунунӣ!) марбут ба бӯҳрон, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ ва захираҳои дигари энергетикӣ нест ва ин муваққатан ба манфиати Тоҷикистон аст», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи Р.Зойиров, Тоҷикистон алҳол дорои низоми аз ҷиҳати истеҳсолӣ таъминбудаи молиявӣ нест. Дар идомаи сӯҳбаи ӯ чунин баён дошт: «Низоми молиявии мо худкифо нест ва он аз маблағҳои беруна ва асосан аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ «таъмин мегардад». Коҳиши андозаи маблағҳои воридотӣ аз хориҷа ба фаъолияти низоми молиявӣ ҳам асари манфӣ хоҳад гузошт. Дар як вақт иқтисод ноустувор гашта, коррупсия густаришу таҳким хоҳад ёфт. Чун натиҷаи бӯҳрони молиявӣ амволи ғайриманқул ва масолеҳи сохтмон арзон мешаванд, зеро норасоии воситаҳои молиявӣ ба мушоҳида хоҳад расид».
Раиси ҲСДТ чунин пешбинӣ мекунад, ки минбаъд таъсири равонӣ ба одамон шадид мегардад, зеро мушкилоти хароҷоти «оқилонаи» воситаҳои мавҷуда ба миён меояд. «Боз мушкилоти одамони камбизоат зиёд шуда, ба қишрҳо ҷудошавии ҷомеа меафзояд», - мегӯяд Р.Зойиров.
Ба гуфтаи Р.Зойиров, бӯҳрони молиявӣ ҳаққонӣ ҷаҳонӣ набуда, гузашта аз ин, дар як вақт дар тамоми ҷаҳон доман паҳн накардааст. «Он интихобӣ буда, бештар соҳавист ва вобаста ба он, ҷараёни паҳншавии он дар минтақаҳо босуръат ё тадриҷан сурат хоҳад гирифт», - гуфт дар анҷом сиёсатмадор.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста