Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ изҳор дошт, ки корхона кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то аз ҳисоби ҷамъоварии маблағи қарзҳои истифодабарандагони барқ то ахири сол ба пардохти қарзи худ дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» муваффақ гардад.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи сипаригашта мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кард, маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро, ки 21,4 млн. сомониро (беш аз $6 млн). ташкил медиҳад, пардохт намояд.
Тибқи маълумоти ҶСК Нерӯоҳи Сангтӯда-1», то 31-уми декабри соли ҷорӣ арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳ ба 1,15 сент баробар буда, аз 1-уми январи соли оянда арзиши он то 3,1 сент боло меравад.
Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, чанде қабл дар машварати корӣ раҳбари ширкат Шарифхон Самиев доир ба вусъат бахшидан ва тезонидани ҷамъоварии маблағҳои қарз аз корхонаву муассисот ва аҳолӣ ба сохторҳои дахлдор супоришоти мушаххас додааст. «Феълан қарзи истифодабарандагони барқ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба беш аз 260 млн. сомонӣ ( беш аз $76 млн.) баробар аст, ки 90 млн. сомонии он ба корхонаву муассисоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ рост меояд», - гуфт ӯ.
Манбаъ афзуд, ки ширкат ният дорад, барои қарздорон мӯҳлати ахири пардохти қарзро муқаррар созад ва дар сурати дар ин мӯҳлат ҳам напардохтани қарз, интиқоли барқ ба онҳо қатъ хоҳад гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста