Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар арафаи соли нави масеҳӣ дар байни мардум овозаи манъ будани ҷашнгирии соли нав дар муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ паҳн гашт.
Дар шарҳи ин мавзӯъ сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи моддаи 83-и Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ Соли нави масеҳӣ чун ҷашни давлатӣ таҷлил мегардад ва коргарон дар ин рӯз ҳуқуқи истироҳат доранд.
«Аз ин рӯ, баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар корхонаву муассисот ва мактабу кӯдакистонҳо манъ карда нашудааст, вале риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур аст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки имсол низ арчаи солинавии пойтахт чун анъана дар майдони «Дӯстӣ» қомат хоҳад афрохт, вале чун солҳои қабл дар ин майдон шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ баргузор намешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста