Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day)
таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори иҷлосияи Асссамблеяи генералии СММ соли 2003 таъин гардида буд.
Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд. «Дар кӯҳҳо тақрибан 10 дарсади аҳолии сайёра зиндагӣ карда, онҳо макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги дунё маҳсуб мегарданд», - гуфта мешавад дар қатъномаи Ассамблеяи генералӣ.
Дар ҳамин ҳол, аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ баргузории ҳеҷ чорабиние пешбинӣ нашудааст. Гузашта аз ин, сарчашмаҳо ҳатто аз мавҷудияти чунин сана ҳатто хабаре надоштаанд.
Ёдрас мекунем, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста