Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Хадамоти матбуоти Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон хабар медиҳад, ки Соли нави мелод ӣ дар То ҷ икистон чун ҳарсола бо шук ӯ ҳу шаҳомати анъанав ӣ ҷ ашн гирифта мешавад ва барои ин ҳе ҷ монеа ву ҷ уд надорад.

Овозаҳое, ки миёни мардум дар бораи имсол та ҷ лил нагаштани Соли нав паҳн шудаанд, ягон асоси воқе ӣ надоранд.

Муносибати Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон дар бораи та ҷ лили Соли нави мелод ӣ дар паёми табрикии Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2008 ба таври возеҳу равшан баён гашта буд ва он тағйир наёфтааст: - «Мо, то ҷ икон дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразм ӣ , суриёнию мучал, ҳи ҷ рии шамсию қамар ӣ доштем, вале аз р ӯ и анъанаи қабулшуда Соли нави милодиро низ бо суруру шодмон ӣ ҷ ашн мегирем».

Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон дир ӯ з роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷ амъият ӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустиро қатъан вазифадор намуд, ки   дар арафаи Соли нави мелод ӣ оид ба пешгир ӣ аз с ӯ хтор ва таъмини тартиботи ҷ амъият ӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.