Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иттилои қаблан додаи тобеъони худро дар мавриди таҷлил нагардидани Рӯзи байнулмилалии кӯҳ дар Тоҷикистон рад намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯз Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day) ҷашн гирифта шуд. Ин сана соли 2003 бо қарори иҷлосияи 57-уми Асссамблеяи генералии СММ таъин гардида буд.
Ба қавли ӯ, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва маҳз онҳо озмоишгоҳи кушоди омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ, макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар шуморида мешаванд. «Айни замон мо бо ташкилоти байнулмилалӣ ҷиҳати омӯзишу таҳқиқоти пиряхҳои мавҷуда дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ гуфтушунид дорем», - зикр кард ӯ.
Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста