Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Коршинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки қарори ҳукумати Русия оид ба кам кардани шумораи квотаҳо барои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба муташанниҷ гаштани равандҳои сиёсии дохилӣ дар ҷумҳурӣ боис шуда метавонад. Номбурда ақидаи худро бо он асоснок мекунад, ки маоши ҳудуди 1 млн. тоҷикистониён, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, барои оилаҳои онҳо ягона сарчашмаи даромад аст.
Дар идомаи сӯҳбат коршинос изҳор дошт, ки дар пасманзари ин вазъ то ҳол аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ чорабиниҳои муассир оид ба фароҳам овардани шароит барои таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор дар дохили кишвар андешида нашудаанд. «Ин метавонад ба муташанниҷии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии мардум оварда расонад», - гуфт ӯ. Коршинос мӯътақид аст, ки дар маҷмӯъ, ҳамаи ин ҳолатҳо ба бад шудани неқӯаҳволии халқ боис хоҳад шуд – мардуми бекормонда ба қочоқи маводи мухаддир ё фаъолияти дигари марбут ба ҷинояткорӣ рӯ меоваранд.
Роҳи ҳалли масъаларо Ш.Ҳакимов дар он мебинад, ки ҳукумат бояд иқдомоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ намояд, то онҳо тавонанд фаъолияти худро густариш дода, дар таъмини муҳоҷирон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар саҳм бигиранд. «Ғайр аз ин, ҳукуматро зарур аст, баҳри роҳандозии фаъолияти бахши воқеии иқтисод кӯшиш ба харҷ диҳад, - мегӯяд ӯ. – Дар ин масъала метавон бо Украинаву Қазоқистон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил кард, то муҳоҷирони мо имкон пайдо намоянд, ки ба таври қонунӣ дар ин кишварҳо кору зиндагӣ кунанд».
Ёдрас мекунем, ки нахуствазири Русия Владимир Путин дар таърихи 9-уми декабрқарореро ба имзо расонид, ки тибқи он коҳиши шумораи квотаҳо барои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Русия тасмими худро «ба вазъ дар бозори меҳнат» асоснок мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста