Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар
маркази фарҳангии
ҷавонони «Ориёно»
ярмаркаи
ҷои
кору
вазифаҳои
холӣ
баргузор
гардид, ки дар он ба шаҳрвандон беш аз 2,8 ҳазор ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид. Ярмаркаи
мазкур
аз ҷониби Биржаи
меҳнати назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Агентии бо
кор
таъмин
кардани
аҳолии
шаҳри
Душанбе
созмон дода шудааст.
Тавре муовини директори биржаи меҳнати ҷавонон Сайфиддин Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чорабинӣ беш аз 50 субъекти хоҷагидории пойтахт ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи ӯ, 307 нафар соҳиби ҷойи корӣ гашта, 13 нафар ба курсҳои омӯзиши ихтисос номнавис шуданд ва 41 нафар ба корҳои таҳқиқоти иҷтимоиву 45 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд. «Дар ярмарка инчунин субъектҳои сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар низ ширкат варзида, 120 нафарро номнавис карданд», - гуфт ӯ.
С.Кабудов афзуд, ки дар ярмарка аз рӯи 100 тахассус ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, шумори хоҳишмандони соҳиби кор гаштан ба беш аз 1 ҳазор нафар мерасид. «Аз оғози сол чунин ярмаркҳо бори шашум гузаронида мешаванд», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста