Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Роҳбари Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон - Гулчеҳра Бозорова бар ин назар аст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бар хилофи тасаввури бархе аз коршиносону таҳлилгарон барои иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистон метавонад оқибатҳои нохуш ва ҳатто андӯҳгин дошта бошад.
Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» хонум Бозорова гуфт, ки бӯҳрони молии сартосарӣ ба иқтисоди ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқ таъсир хоҳад кард, вале ин таъсир дар ҳар кишвар дараҷа ва оқибатҳои гуногун хоҳад дошт. Ба ақидаи ӯ, аз ҳама беш мамлакатҳои тараққикарда зиёни молӣ мебинанд.
Тибқи пешгӯии Бозорова, дар пайи бӯҳрони молӣ, ҳаҷми сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон кам гардида, нархи маҳсулоти ғизоӣ боло хоҳад рафт. Ҳамзамон пули миллӣ қурби худро аз даст дода, қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳои кишвар кам мегардад. Вакили парлумон ҳамчунин мӯътақид аст, ҳаҷми маблағҳое, ки муҳоҷирони кории мо аз хориҷа мефиристанд, коҳиш ёфта, шумори оилаҳои камбизоат дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.
Гулчеҳра Бозорова инчунин гуфт, ки барои тахфифи мавҷи бӯҳрон, ҳукумати кишвар бояд захираҳои давлатиро самаранок истифода бурда, қисмати даромади буҷаро тариқи пардохт аз андоз зиёд кунад ва сармояву кӯмаки хориҷиро ҷалб намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста