Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов бар ин назар аст, ки аз марҳилаи аввали бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон зарар надид, зеро он танҳо бахши молиявии иқтисодро фаро гирифт. «Марҳилаи пуриқтидори дуввуми бӯҳрони молиявӣ бевосита ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир хоҳад расонд», - изҳор дошт ӯ.
Номбурда мегӯяд, ки бо назардошти омили дар боло зикргардида ва мавҷуд набудани бозорҳои фондиву асъорӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз коҳиши нишондиҳандаҳои фондӣ низоми молиявии ҷумҳурӣ хисорот нахоҳад бардошт. «Чӣ тавре ки мебинем, ҳамин тавр ҳам шуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҷ.Юсуфов, марҳилаи дуввуми бӯҳрон аллакай ба минтақаи мо (қаламрави ИДМ) низ расида, ба ҷараёни рушди иқтисод ва талаботи бозори меҳнат тағйирот ворид месозад. « Ин ба он оварда мерасонад, ки дар мамолики тараққикарда ҷойҳои корӣ кам мешаванд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бекор мемонанд, ки мутаносибан ба коҳиши интиқоли маблағҳои онҳо ба ватан боис мегардад», - изҳор дошт муовини раиси бонк.
Ӯ таъкид сохт, ки дар марҳилаи оғози бӯҳрон мақомоти БМТ бо муассисаҳои қарздеҳ гуфтушунид анҷом дода, омодагии худро барои пешниҳоди кӯмак ба онҳо изҳор доштааст.
Ҷ.Юсуфов афзуд, ки бо қарори ҳукумат гурӯҳи кории зиддибӯҳронии байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва он пас аз омӯзиши дақиқи бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, ба ниҳодҳову сохторҳои дахлдор ҷиҳати то ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста