Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷараёни мизи мудавваре, ки бо ташаббуси Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил гардид, сармутахассиси шӯъбаи макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Зӯҳро Мӯсоева чунин изҳори ақида намуд, ки то ахири сол Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳониро эҳсос нахоҳад кард.
З.Мӯсоева бар чунин назар аст, ки бӯҳрони молиявӣ ба нархи ашёи хоми содиротии ҷумҳурӣ - пахтаву алюминий таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва мутаносибан ҳаҷми даромад ба буҷа низ коҳиш хоҳад ёфт. Дар идомаи ибрози ақидаи худ мавсуф чунин баён дошт: «Дар сурати коҳиш ёфтани талабот ба содироти маҳсулоти асосии ҷумҳурӣ моро лозим аст, роҳҳои истифодаи онро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монем ва барои ин таҷҳизоту технолдогияи ҷадидро дар корхонаҳои ҷумҳурӣ мебояд насб кард. Ҳамзамон ба таҳкими маблағгузории бахши воқеии иқтисод таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардан зарур аст. Агар мо фаъолияти истеҳсолоти саноати бофандагиро хуб ба роҳ монда, моли хушсифат тавлид созем, он дар бозори хориҷӣ низ харидор пайдо намуда, ҳамчунин барои муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, ҷойи корӣ фароҳам месозем ва буҷаро низ ғанӣ хоҳем гардонд».
Номбурда зикр кард, ки дар назди вазорат гурӯҳи кории зиддибӯҳронии байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва он пас аз омӯзиши дақиқи бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, ба ниҳодҳову сохторҳои дахлдор ҷиҳати то ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад кард.
Дар мавриди тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба кам кардани хароҷот барои сохтмони иншоотҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, З.Мӯсоева изҳор дошт, ки маблағгузории чунин иншоот соли гузашта ё аввали ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст ва барои татбиқи он дар буҷа воситаҳо пешбинӣ шудаанд. «Аз ин рӯ, шояд назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро мебояд пурзӯр намуд», - гуфт ӯ.
Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ афзуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявиро дар мавсими киштукори баҳорӣ эҳсос хоҳад кард, зеро он замон барои харидани маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар лавозимоти зарурии мавсими киштукор бевосита маблағҳо лозим мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста