Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - То ахири сол коҳиши нархи бензин дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ « Азия - Плюс » хабар доданд , арзиши маводи сӯзишворӣ дар кишварҳои воридкунанда ба андозаи 50 ва дар Тоҷикистон 20 дарсад коҳиш ёфтааст .

Ба иттилои манбаъ , мутахассисони вазорат дар ҳамдастӣ бо агентии стандартизатсия ҷиҳати танзими бозори фурӯши маводи сӯзишвории кишвар тадбирҳо андешида , бо таъминкунандагони ин мавод гуфтушунид кардаанд .

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ҳудуди 80 дарсади таъмини кишвар бо маводи сӯзишворӣ ба ҶДДМ «Газпромнефт – Тоҷикистон», «ТоҷИрон» ва «Умед» рост меояд. «Маҳсулоти нафт асосан аз Русия (наздики 70 дарсад), Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид карда мешавад», - афзуд манбаъ.