Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷаласаи дуюми гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Қарор дар бораи созмонҳои ветераниии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасфардо дар шахри Минск баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод - Мария Гутсало хабар дод, дар ҷаласа масоили вобаста ба ташкили сохторҳои давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои собиқадорон дар кишварҳои узви Иттиҳод ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ аз тарафи давлат ба онҳо баррасӣ мегардад.
Ба гуфтаи хонум Гутсало, ба лоиҳаи мазкур ҳамчунин пешниҳодҳо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои мустақил» ҷиҳати идомаи ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии собиқадорон, фаъол намудани корҳо оид ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, ифшои таҳрифгарони таърихи рушди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.
Баъди мувофиқаи комил, санади мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод пешниҳод мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста