Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009
гуфтушунид оғоз гардид.
Тавре аз КВД «Тоҷикгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо ин мақсад ҳафтаи гузашта ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии директори генералии корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар Тошканд қарор доштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли равон Тоҷикистон ният дорад, аз кишвари ҳамсоя 550 млн. метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намояд. Зикр гардид, ки то ҳанӯз ҳамтоҳои ӯзбекистонӣ нархи газро барои соли оянда муайян накардаанд.
«Дар ҷараёни гуфтушунид мо ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохтем, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт, - гуфт манбаъ. – Аз ин рӯ,
аз Ӯзбекистон дархост карда шудааст, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста