Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - 31-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт Шоу-консерти идона бо фейерверкҳои солинавӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт доир карда мешавад.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тибқи муқаррароти Қарори мазкур корҳои ороиши мавзӯии шаҳр то 25-уми декабр ба сомон расида, 27-уми декабр соати 10-00 дар толори бинои Сирки давлатӣ
барномаи консертии Арчаи Солинавии шаҳрдорӣ барои кӯдакон, 31-уми декабр аз соати 12 то 14 барномаҳои фарҳангӣ дар Боғҳои Дӯстии халқҳо, ба номи С. Айнӣ, Кӯли Комсомол ва майдони 800-солагии Москва ва аз соати 20 то 22 дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-консерти идона бо фейерверкҳои Солинавӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт доир карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста