Кӯлоб. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар деҳаи Лағмони ноҳияи Кӯлоб осиёбӣ обӣ бо иқтидори коркарди то 4 як тонна гандум дар як шабонарӯз ба кор даромад.
Тавре раиси ҷамоати Кӯлоби ноҳия Зайиддин Олимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин осиёб 25 сол пештар ҳамагӣ 260 хонаводаи деҳаи Лағмон истифода мебурданду халос. «Акнун аз деҳаҳои дигари ҷамоат низ аҳолӣ барои истеҳсоли орд ба ин осиёб гандум меоранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли З.Олимов, дар мавсими тирамоҳу зимистон ба иллати норасоии барқ имкони истифодаи ду осиёби барқӣ хеле кам мешавад. «Аз ин рӯ, зарур донистем, ки осиёби мазкурро аз нав барқарор сохта, иқтидори истеҳсолии онро зиёдтар намоем», - изҳор дошт раиси ҷамоат.
Номбурда афзуд, ки дар сохтмони осиёб саҳми иттиҳодияи ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб назаррас аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста