Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар муқобили равияҳои динии ғайриқонунӣ чун «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд.
Тавре дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода хабар дод, ин даъват дар ҷаласаи чанде қабл доиргаштаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон изҳор гардид.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран тамоили фаъолшавии аксари ин равияҳои тундгаро дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. «Дар қатори аъзои ҳизб мо аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар мубориза алайҳи равияҳои мазҳабии тундгаро фаъолтар бошанд, зеро фаъолияти онҳоро мо чун таҳдид ба амнияти давлату миллат арзёбӣ менамоем», - изҳор дошт Д.Давлатзода.
Дар ҳамин ҳол, Д.Давлатзода саҳми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчуни шарики ҲХДТ дар ин самт қайд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста