Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи иҷозат додани хадамоти марбути шаҳр оид ба имзои созишнома ҷиҳати харидории 150 автобус ва 60 троллейбус бо ҶДММ «Тролза-Маркет» ва ширкати «Русские автобуси» фармон ба имзо расонид.
Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои харидани автобусҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ 14 млн. 125 ҳазору 991 сомонӣ ($ 4 млн. 87 ҳазор) ва троллейбусҳо 17 млн. 618 ҳазору 970 сомонӣ ($5млн. 100 ҳазор) маблағ ҷудо карда мешавад. «Нисфи автобусҳо бо сӯзишвории дизелӣ ва боқимонда бо газ кор мекунанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, автобусу троллейбусҳо тариқи тендер харида шуда, аввали соли оянда ба Душанбе оварда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста