Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳисобот оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 омода гардида, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Дар шарҳи масъалаи мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои омодасозии чунин ҳисобот дар соди 2008 идома дошта, авали соли 2009 таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои таҳияи стратегия коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012 ба нақша гирифта шудааст.
Ба қавли номбурда, корҳо дар ин самт дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ якранг нестанд. Ӯ мегӯяд, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси сохтори ҷудогона оид ба мониторинги сатҳи коҳиши камбизоатӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор қабул кардааст, вале феълан на дар ҳама вазорату идораҳо чунин сохтор вуҷуд дорад. «Чунин сохтор миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо дар ВМКБ вуҷуд дорад», - гуфт ӯ.
А.Раҳмонов инчунин зикр кард, ки дар оғози соли оянда мувофиқи фармони сарвари давлат Шӯрои миллии рушд таъсис меёбад, ки дар татбиқи стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.
Ҳукумати Тоҷикистон Ҳуҷҷати Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатиро соли 2006 қабул кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста