Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи барномаи омӯзишии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Сато Матсуми ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур – роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар бахши хадамоти давлатӣ ва дастгирии роҳбарони ҷавон мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот лоиҳа маъқул шуморида шуда, дастгирӣ ёфт. Ёдрас мекунем, ки намояндагони Агентии Ҷопон рӯзи 17-уми декабр ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, молия ва Вазорати рушди иқттсоду савдои ҷумҳурӣ мулоқотҳо оростанд.
Татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ аввали соли 2008 оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал ва дуввуми лоиҳа гуфтушунид ва пешниҳоди дархости вазорату идораҳои алоҳида бобати таҳсили номзадҳо дар Чопон барои соли 2009 сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста