Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Президенти ширкати «Тетис То ҷ икистон Лимитид» Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ин ширкат бо То ҷ икистон дар соҳаи истихро ҷ и газу нафт баррас ӣ шуд. Дэвид Робсон ба Эмомал ӣ Раҳмон оид ба нати ҷ аи ом ӯ зиши конҳои нафту гази То ҷ икистон, ки ширкати «Тетис То ҷ икистон Лимитид» дар ихтиёр дорад, гузориш дод. Аз ҷ умла зикр гардид, ки имр ӯ з аллакай истихро ҷ и газ дар кони Комсомолски наздикии шаҳри Душанбе ва кони Хо ҷ а Сартези шаҳри К ӯ лоб оғоз ёфтааст ва р ӯ зҳои наздик интиқоли он низ ба ин ду шаҳр ба роҳ монда мешавад.   Ширкати «Тетис То ҷ икистон Лимитид» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе ҳар шабонар ӯ з аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази таби ӣ интиқол диҳад.

Дэвид Робсон Эмомал ӣ Раҳмонро ҳамчунин бовар кунонд, ки ширкати «Тетис То ҷ икистон Лимитид» то охири соли 2010 метавонад дар таъмини пурраи аҳол ӣ ва саноати   То ҷ икистон бо гази таби ӣ нақши намоён гузорад. «Барои расидан ба ин ҳадаф вориднамоии техникаю та ҷ ҳизот, технологияи иловаг ӣ   ва ташкили корҳои ом ӯ зишию истихро ҷ ӣ бо сифат ва суръати баланд идома доранд», таъкид намуд Девид Робсон. Ба андешаи ӯ То ҷ икистон имкон дорад, дар давоми ду-се соли оянда эҳтиё ҷ оти худро бо гази таби ӣ худ ӣ пурра таъмин намояд.

Дэвид Робсон пешрафти намоёни фаъолияти ширкати «Тетис То ҷ икистон Лимитид»-ро   ҳамчунин нишонаи возеҳ аз фазои мусоиди сиёс ӣ ва инвеститсионии То ҷ икистон арзёб ӣ намуд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи созишномаи нави бо Вазорати энергетика ва саноати То ҷ икистон баимзорасида   ширкати мазкур   бо сарфи 10 миллион доллари амрико ӣ корҳои зилзиласан ҷ иро низ ба роҳ мемонад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид дигар масоили мавриди тава ҷҷ ӯ ҳ гуфтуг ӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.