Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаву муассисоти саноатӣ ва корхонаҳои хусусии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба маблағи 48 млн. 890 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 259 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Тавре аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, танҳо дар моҳи ноябр ба маблағи 6 млн. 657 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз нахи пахта истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум низ афзудааст. «Дар ин давра ба маблағи 25 млн. 769 ҳазор сомонӣ молҳои мавриди ниёзи мардум истеҳсол шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 млн. 686 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ҷумла, 2203 тонна равғани растанӣ, 1029 тонна орд, 2249 тонна нон ва маҳсулоти ордӣ, 140 тонна маҳсулоти ширӣ ва 490,3 тонна гӯшт ба фурӯш бароварда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста