Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Тавре сардори шӯъбаи дин ва ташкили маросими сафари ҳаҷи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин се нафар мардон буда, аз бемории дил фавтидаанд.
Дар ҳамин ҳол роҳбари гурӯҳи пизишкони тоҷик дар ҳаҷ Муқимҷон Фатҳуллоев мегӯяд, ки синнусоли мардони фавтида аз 70 боло будааст. «Ду нафар ба
иллати бемории дил ва як нафар аз заъфи меъда ба ҳалокат расидаанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи пизишк, ҳамасола дар маросими ҳаҷ то 10 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат мерасид ва соли равон он нисбатан камтар аст. «Табибон ҳамарӯза то 50-60 нафарро қабул мекарданд ва ҳар табиб бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин буд, - идома дод ӯ. – Ба маблағи 22 ҳазор сомонии аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҷудогардида 83 номгӯи доруворӣ харида шуда буд».
М.Фатҳуллоев ба он изҳори таваҷҷӯҳ кард, ки ҳудуди 1 дарсади зоирин аз хизматрасонии тиббӣ қаноатбахш набуданд. «Вале онҳо бо айби худашон, ки ба маслиҳатҳои табибон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир месохтанд, дар азоб буданд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳоҷиён – Абдулатиф аз шаҳри Душанюе, ки дирӯз аз сафари ҳаҷ ба ватан баргашт, мегӯяд, аз гурӯҳи онҳо ду нафар – яке сокини Ваҳдат ва дигаре сокини шаҳри Душанбе фавтидаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар Арабистони Саъудӣ ба хок супорида шуданд. Ҳоҷӣ Абдулатиф изҳор дошт, ки ӯ ва ҳоҷиёни дигар аз хизматрасонии тиббии пизишкони тоҷик қаноатманд нестанд. «Табибони тоҷик ба ҷуз доруҳои оддии аналгин, аспирин ва тонометр дигар хел дорувориву таҷҳизоти тиббӣ надоштанд», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста