Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газ - Ӯзбекистони ҳамсоя нархи фурӯши газро барои соли 2009 ба андозаи 300 доллари амрикоӣ барои 1000 метри мукаааб муқаррар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур феълан мавриди баррассии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд ва пас аз қабули қарори ниҳоӣ гуфтушунид дар бораи нарх бо ҷониби Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт. «Албатта, ин арзиш моро қаноатманд намесозад ва чанде қабл зимни гуфтушунид мо аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки нархи газ дар андозаи пештара, яъне $145 нигоҳ дошта шавад, вале онҳо розӣ нашуданд», - гуфт ӯ.
Ф.Муҳиддиновов, мегӯяд, «Тоҷикгаз» барои соли 2009 дар ҳаҷми 550 миллион метри мукааб газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон хариданист. «Дар соли 2008 ба ҷойи 1 миллиард метри мукааб гази тибқи созишнома пешбинишуда, ҳамагӣ 650 млн. метри мукааб газ то охири сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад», - афзуд директори генералии «Тоҷикгаз.
Қобили зикр аст, ки кишвари ҳамсоя ба Қирғизистон низ чунин нархро барои соли 2009 пешниҳод кардааст ва қирғизон низ умед бар он доранд, ки арзиши онро камтар намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста