Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шудааст. «Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо чунин дархост ба бонки мазкур муроҷиат карда буд», - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи раиси БМТ, бо назардошти ҳавасамандии ҷонибҳо рӯзи 11-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои бонк дар ҷаласаи худ нисбати ин масъала тасмими мусбат гирифтааст ва феълан ҷонибҳо асноди асосии танзимкунандаи фаъолияти муштаракро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Барои узвияти ҷумҳурӣ ба Бонки рушди АвруОсиё раҳбарияти бонк аз ҷониби Тоҷикистон харидории шумораи ҳадди аққали саҳмияҳоро имконпазир шуморид, ки он барои кишвар ҳеҷ мушкилоти молиявӣ ба бор нахоҳад овард», - гуфт вай ва афзуд, ки Арманистону Белорус низ аъзои бонки мазкур шудаанд.
Ба ақидаи Ш.Раҳимзода, узвияти ҷумҳурӣ ба бонк ба рушду густариши муносибатҳои ҳагиройии кишвар дар минтақаи Авруосиё ва амалисозии тарҳҳои давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ сохтани қарори ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар феълан масъалаи ҷалби сармояи Бонки рушди АвруОсиё ба маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ ҷиҳати бунёди корхонаи бофандагиву ресандагӣ дар Тоҷикистон барррасӣ мешавад», - изҳор дошт раиси БМТ.
Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,
мутобиқи тартиби қабули аъзои нав Шӯрои бонк афзоиши сармояи оинномавиро тавассути эмисссияи иловагии саҳмияҳои бонк маъқул шуморидааст, ки он миёни аъзои нав мувофиқи маблағи ҳиссаи аъзогии онҳо тақсим карда хоҳад шуд. Айни замон сармояи оинномавии бонк ба $1,5 млрд. баробар буда, дар натиҷаи харидории эмиссияҳои иловагӣ ва ҳиссаи пардохти Тоҷикстону Арманистон ва Белорус он ба маблағи $15,6 млн. афзуда хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста