Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Иқтисодчии тоҷик Усмон Раҳмонов бар чунин назар аст, ки коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, зеро ба қавли ӯ, дар Ӯзбекистон ба хубӣ медонанд, ки феълан Тоҷикистон қудрат надорад мустақилона бозори кишварро бо гази табиӣ таъмин созад ва ба ҷуз харидории гази Ӯзбекистон, дигар илоҷе надорад.
Номбурда мегӯяд, ҳамасола Тоҷикистон ба воридоти на камтар аз 500 млн. метри мукааб газ аз хориҷ ниёз дорад ва лӯлаи интиқоли газ аз дигар кишварҳо танҳо бо Ӯзбекистон мавҷуд аст. «Бо назардошти ин ҳолат, ҷониби Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳо дар мавқеи хеш пойфишорӣ хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар нимаи аввали моҳи ҷорӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009
гуфтушунид оғоз гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби Тоҷикистон ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохт, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, аз Ӯзбекистон дархост карда шуда буд, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд, вале то ҳанӯз ба дархости Тоҷикистон посухе гуфта нашудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи шартномаи кишварҳо Тоҷикистон соли 2006 аз Ӯзбекистон газро бо нархи $55, соли 2007 - $100 ва соли равон - $145 барои 1 ҳазор метри мукааб харидорӣ менамуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста