Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулии
UNIStream
бо ҶСК «Фононбонк»-и Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Тавре аз
UNIStream
ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар созишнома рушди шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонӣ тавассути шӯъбаҳои бонк, ки дафтари асосиаш дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон феълан 500 нуқтаи низоми мазкур амал карда, дар фаъолияти низом ҷумҳурӣ мақоми муҳим дорад, зеро раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин ҷо мунтазам рӯ ба афзоиш мениҳад. «Аз ин рӯ, ба густариши фаъолият дар ин самт мо таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоем», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки айни замон низоми
UNIStream
дар Тоҷикистон бо 11 ниҳоди молиявӣ, аз ҷумла «Тоҷпромбонк», «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата» ва ғайра ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста