Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати тандурустии Ҷ умҳурии То ҷ икистон ҷ иҳати и ҷ рои қарори Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва и ҷ тимоиёти ҷ умҳур ӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» ва оиди омодагии муассисаҳои табобатию профилактики ҷ умҳур ӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009, як қатор корҳоро ба ан ҷ ом расонид.

             Зикр бояд кард, ки ҷ иҳати тайёрии ҳама ҷ ониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷ умҳур ӣ як қатор тадбирҳо то имр ӯ з амал ӣ шудаанд.

             Тибқи маблағҳои дар соли 2008 ҷ удошуда, нақшаи захира дар давраи омодаг ӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷ умҳур ӣ чунин мебошад, захираи ангишт 5110,5 тонна, дар асл 4895,6 тонна (95,8%), ҳезум 6955 м3 , дар асл 9215,5 м3 (132,3%), с ӯ зишвор ӣ 185,5 тонна, дар асл 148,4 тонна (80%) захира карда шуд.

             И ҷ ро нашудани нақшаи захираи ангишт дар он аст, ки дар ҳудуди ВМКБ нархи 1 тонна ангишт аз 400 сомон ӣ то 850 сомон ӣ расид. Аз ин сабаб ба ҷ ои ангишт ҳезум харидор ӣ шудааст. Нақшаи захира дар ВМКБ ангишт 1003,3 тонна, дар асл 575 тонна (57,3%), ҳезум 1220м3, дар асл 3420,5м3 (280,4%)-ро ташкил медиҳад, ки захираи ангишт ва ҳезум дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят коф ӣ буда, барои зимистонгузаронии солҳои 2008-2009 пурра таъмин карда метавонад.

            Бояд қайд кард, ки нақшаи захираи с ӯ зишвор ӣ 80% и ҷ ро гардид, захираи с ӯ зишвор ӣ ва мавод ӣ хуроквор ӣ ҳар моҳ тибқи маблағҳои ҷ удогардида харидор ӣ карда мешаванд.
           Ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои
ҷ умҳур ӣ дорои хати тозаи барқ, 3415 адад печкаи барқ ӣ ва 612 адад генераторҳои барқ ӣ буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар қисми зиёди муассисаҳои соҳаи тандуруст ӣ корҳои шишабанд ӣ , таъмири капитал ӣ ва косметикии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузар гузаронида шудааст.

           Инчунин корҳои тайёр ӣ барои гузарондани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 давом дошта, таҳти назорати доимии Вазорати тандуруст ӣ қарор дорад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.