Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл бо ташаббуси рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Ҷомеа» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Мустақилияти иқтисодӣ - омили асосии озодии матбуот» мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар маърӯзаи худ омӯзгори шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси масоили марбут ба васоити ахбори умум Мирсаид Султонов изҳор дошт, ки ҳудуди 95 дарсади матбуоти тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил нестанд. Ба шумули нашрияҳои худкифову фоидаовар ӯ рӯзномаҳои «Азия-Плюс», «Дайджест-пресс» ва «Рекламная газета»-ро номбар карда, таъкид сохт, ки ҳамаи рӯзномаҳои муваффақи Тоҷикистон ба забони русианд. «Ин ба он марбут аст, ки газетаҳои русӣ ба масъалаи касбият ва ҷой додани реклом бештар таваҷҷӯҳ медиҳанд», - гуфт ӯ.
Раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов таъкид сохт, ки вазъи умумӣ дар соҳаи матбуоти тоҷик мушкил аст. «Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд ва чунин вазъ дар таҷрибаи кунунии ҷаҳон хеле кам дучор меояд ва ман инро чун фидокории рӯзноманигорони тоҷик арзёбӣ менамоям», - изҳор дошт А.Сатторов.
Гузашта аз ин, А.Сатторов афзуд, ки нашрияҳои нокифои ҷумҳурӣ дар шароите фаъолият доранд, ки ҳатто бо пайдоиши мушкилоти начандон назаррасе метавонанд аз чоп бозмонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста