Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон номзадҳои худро барои интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт пешниҳод карданд.
Тавре муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз дар конфронси ноҳиявии ҳизбӣ номзадии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод, профессор Амир Катаев аз ҳизби мазкур тасдиқ гардид.
Ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода, аъзои ҳизб тасмим гирифтаанд, номзадии муовини раиси ташкилоти шаҳрии ҳизб – меъмори 31-сола Додихудо Абдуллоевро пешниҳод созанд. «Бинобар дахолати маъмурии ҳокимият мо қаблан дар интихоботи миёнадавраӣ ширкат намеварзидем, вале имрӯз, ки то интихоботи навбатии парлумонӣ каме зиёдтар аз як сол мӯҳлат боқӣ мондааст, мо қарор додем, бори дигар имконоти худ ва воқеияти баргузории интихоботи шаффофро дар ҷумҳурӣ ҷиддӣ бисанҷем», - гуфт ӯ.
Номбурда изҳор дошт, ки пешниҳоди номзади ҷавон бесабаб нест, зеро минбаъд ҲНИТ дар фаъолияти сиёсии худ ба кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки интихобои миёнадавраӣ ба ивази вакили хориҷшуда, аъзои ҲХДТ Каримҷон Қодиров, ки аввали ҳамин моҳ ба вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб таъин шуд, 8-уми феврали соли 2009 баргузор мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста