Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи татбиқи бақайдгирӣ аз рӯи усули «Равзанаи ягона» ба Озарбойҷон рафта буд.
Зимни натиҷагирӣ аз сафар аъзои ҳайати ҷумҳурӣ, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Дӯстмурод Муродов изҳор дошт, ки барои ҷорисозии усули «Равзанаи ягона» дар кишвар ба эътибор гирифтани вижагиҳои низоми бақайдгирӣ, таҳия воситаҳои фаннӣ ва мухобиротӣ миёни муассивау идораҳои дахлдор зарур аст.
Зикр гардид, ки татбиқи усули мазкури бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва муҳити корӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соддакунии
сабт дар бахши соҳибкории хурду миёна кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар робита ба ин масъала раиси Иттиҳодияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо назардошти меъёр ва таҷрибаи андӯхтаи байнулмилалӣ таҳия гаштааст. Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур феълан мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, он тамоми маҷмӯи чораҳои татбиқи пурсамари усули «Равзанаи ягона»-ро дар худ ҷой додааст. «Дар лоиҳа ба ивази мӯҳлати аз 16 то 20 рӯзи бақайдгии феълан мавҷуда кам кардани он то 5 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста