Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 105 шаҳрванди тоҷик аз Қазоқистон ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора бо истинод ба сардори Раёсати сиёсати муҳоҷирати департаменти умури дохилии шаҳри Алмаато Марат Кезембоев хабаргузории «Вечерний Алмаато» иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз оғози сол баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятии муқараршуда аз ҷумҳурӣ 2281 нафар шаҳрванди кишварҳои дигар хориҷ карда шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин шумора ба 2178 нафар баробар будааст.
Тибқи иттилои манбаъ, миёни хориҷшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон – 1437 нафар ва Қирғизистон – 123 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 183 нафар шаҳрванди Чин ва 98 нафар шаҳрванди Туркия низ дар ин давра ба ватан бозпас фиристода шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста