Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар робита ба нотаи сафорати Русия ба Тоҷикистон, ки дар он барои чопи «иттилооти таҳрифомез ва суханони носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати пешгирифтаи он» аз як қатор нашрияҳои тоҷикзабон интиқод гирифта мешуд, имрӯз дар нишасти матбуотӣ мақомоти раҳбарии рӯзномаҳои «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» хабар доданд, ки изҳороти муштараке қабул карданд ва ба назари онҳо, дар нота ягон мисол ва истиноди мушаххас ҷой надорад, ки ба он такя шуда бошад
Нашрияҳои тоҷикӣ санадро «носанҷидаву ғайридипломатӣ ва каммаҳсул» арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он «намунаи гӯшношуниди рафтори ғайридипломатии» сафорати Русия дар тамоми муддати фаъолияташ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар изҳорот махсусан таъкид мешавад, ки матни нота ба ҷуз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳамаи васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ва хориҷии муқими кишвар низ фиристода шудааст. «Соли равон вобаста ба чопи матолиб дар ВАО-и Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷӣ беш аз 10 нота ворид гардид, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо дар васоити ахбори умум паҳн нагардидаааст», - гуфта мешавад дар изҳорот. Муҳаррирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, гузашта аз ин, дар ягон нота дипломатҳо ба изҳороте чун «фиреби ҳадафмандонаи ҷомеаи тоҷик» роҳ надода буданд. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки омилҳои зикргардида гувоҳи онанд, ки нотаи сафорати Русия ба ҷуз «чорабинии намоишӣ» дар вазъи то ҳанӯз таъин нагаштани сафир чизи дигаре беш нест.
Дар идомаи изҳорот баён мегардад: «Мо муносиботи Тоҷикистону Русияро бидуни назардошти ақидаҳои сиёсӣ ва ҳадафи ҳукуматҳо дӯстонаву стратегӣ арзёбӣ менамоему хоҳем кард ва чунин дарки он дар муносибатҳои байнидавлатӣ омили афзалиятнок аст. Аммо дар ҳамин ҳол, мо ба унсурҳои таҳриккунанда ва адоватангези иттилооти ҷойдошта дар муносиботи кишварҳо таваҷҷӯҳ зоҳир месозем ва бечуну чаро дар ин самт Русия ва ВАО-и он афзалият доранд. Дар кадом сатҳ ҷой доштани назорати ВАО-и электронӣ аз ҷониби Русия ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Мо умедворем, ки сафорати Русия ба масъалаи мазкур тавааҷҷӯҳ зоҳир намуда, хулосаҳои зарурӣ хоҳад баровард».
Ёдрас мекунем, ки дирӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.
Дар нота, аз ҷумла гуфта шуда буд: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, онро мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-capital» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста